
Санаи 6-уми марти соли 2026 ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар ва гиромидошти олиҳаи зиндагии аҳли башар, модарон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ҷаласаи идона баргузор гардид.
Дар ҷаласа Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад бонувони Агентиро ба муносибати Рӯзи Модар ва оғози фасли шукуфоӣ – баҳори нозанин табрик намуда, иброз доштанд, ки зан-Модари тоҷик имрӯзҳо бо хиради волову заковатмандӣ баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ҳамчун сиёсатмадору иқтисодчӣ, рӯзноманигору омӯзгор, муҳандису табиб, ҳунарманду варзишгар, инчунин дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ пуршарафона фаъолият намуда бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ бо баромад қайд намуданд, ки хизматҳои арзандаи бонувон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври ҳамешагӣ дар баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, дар сиёсати имрӯзаи мамлакат арҷ гузоштан ба мавқеъи зан –Модар мунтазам тарғиб мегардад.
Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ба бонувони Агентӣ гулдаста ва тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуда, дар хонадонашон осоишу оромӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва дар адои вазифаҳои пурмасъулу пуршарафашон муваффақият ва комёбиҳоро таманно намуданд.