Санаи 9 марти соли 2026 дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Мутаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена Иҷлосияи 69-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор кори худро оғоз намуд.
Дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад Тағой иштирок дорад.
Зимни суханронӣ, Директори Агентӣ Зафар Самад роҷеъ ба ҳолати кунунии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, татбиқи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва зарурати тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣро дар ин самт, қайд намуд.
Иҷлосияи 69-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор аз 9 то 13 марти соли ҷорӣ идома ёфта, дар ҳошияи он чорабиниҳои канорӣ ва вохӯриҳои дуҷониба ба нақша гирифта шудааст.

