
10 марти соли 2026 дар ҳошияи Иҷлосияи 69-уми Комиссияи Созмони Милали Мутаҳид оид ба воситаҳои нашъадор вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад бо Муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-полковники политсия Андрей Иванович Храпов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз ҷумла вазъи қочоқи маводи нашъаовар дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва чораҳои пурзӯр намудани назорати сарҳад, афзоиши муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ лоиҳаи Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар охир Храпов А.И. Директори Агентиро ҷиҳати иштирок дар кори Ситоди ҳамоҳангсозии байналмилалии амалиёти зиддимухаддиротии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъии “Канал”, ки дар шаҳри Калинингради Федератсияи Россия ҷойгир машавад, даъват намуд.