Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии кормандони Агентӣ дар МТМУ №131 ва 132

Санаи 12 –уми марти соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  намояндагони бахши кор бо ҷавонон, ноболиғон, маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №131 ва 132 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни  наврасону ҷавонон, оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.