Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ ДАР ЧОРАБИНИИ КАНОРИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ДАР ШАҲРИ ВЕНА

Санаи 11 марти соли ҷорӣ дар ҳошияи Иҷлосияи 69-уми Комиссияи Созмони Милали Мутаҳид оид ба воситаҳои нашъадор ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад дар ҷорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ Директори Агентӣ доир ба тағйирёбии босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афзоиши бесобиқаи истеҳсол ва паҳншавии маводҳои нашъаовари синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ, паҳн гаштани моддаҳои нави психоактивии синтетикӣ дар байни ҷавонон, ки ин ба таназзули генофонд ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, изҳори назар намуд.

Дар ҷараёни баргузории ҷорабинӣ иштирокчиён оид ба ҳамкориҳои судманд дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ суханронӣ намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи нашъаовар, паҳн гардидани моддаҳои психотропӣ дар байни ҷавонон ва зарару оқибатҳои он изҳори назар намуданд.

Дигар чорабиниҳои канорӣ ва вохӯриҳои дуҷониба дар ҳошияи ин иҷлосия идома доранд.