Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии Директори Агентӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Директори иҷроияи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ

Дар ҳошияи Иҷлосияи 69-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор санаи 12 марти соли 2026 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад бо иҷрокунандаи вазифаи Директори иҷроияи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Ҷон Брандолино вохӯрӣ баргузор намуд.

Директори Агентӣ оид ба дастовардҳои кишвар ва корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба ҷаноби Ҷон Брандолино маълумот манзур намуда, ҷиҳати дастгириҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ изҳори сипос намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Агентӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, инчунин оид ба якчанд масъалаҳои мубрам табодули афкор намуданд.