Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Машғулияти дарсӣ бо кормандони Агентӣ дар мавзуи “Муқовимат ба савдои одамон”

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақша-чорабиниҳо дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон барои солҳои 2026-2027, ҳамзамон ошкори ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои ба он алоқаманд ҳамкориҳои судмандро бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба роҳ монда, дар ин замина санаи 13 марти соли 2026 бо ҷалби намоянда аз Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малакаи касбӣ, омӯзиши таҷрибаи кории кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Агентӣ, бо иштироки Роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ машғулияти омузишӣ дар мавзуи “Муқовимат ба савдои одамон” баргузор гардид.

Зимни гузаронидани ин машғулити омӯзишӣ мутахассис аз мақомоти болозикр паҳлуҳо ва унсурҳои асосии мавзуро бо кормандони Агентӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар рафти он вобаста ба мавзуи баррасишаванда саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид аз ҷониби иштирокчиён ироа гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар сатҳи баланди омодагӣ баргузор карда шуда, маълумотҳои муфиде, ки иштирокчиён дастрас намуданд, бешак ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбиашон зимни адои вазифаҳои хизматӣ дар ин самт таассуроти хубе хоҳад гузошт.