
Санаи 13 –уми марти соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №119 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла ВНМО/БПНМ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.