13 марти соли 2026 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад бо Президенти Кумитаи байналмилалии назорати маводи нашъаоавар Севил Атасой вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, пешгирии нашъамандӣ, инчунин дастрасии маводи нашъаовар бо мақсадҳои тиббӣ ва иҷроиши конвенсияҳои солҳои 1961, 1971, 1988 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрии мазкур дар ҳошияи Иҷлосияи 69-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Вена баргузор гардид.

