Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

КУМАКИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ БА ХОНА-ИНТЕРНАТИ ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дасти кумак дароз намудан ба ятимон, бепарасторон, маъюбон, хона-интернатҳо ва хонаводаҳои эҳтиёҷманди дорои имкониятҳояшон маҳдуд, дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳо аз сиёсати оқилонаю инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

17 марти соли 2026 дар пайравӣ аз ин сиёсати оқилонаи Пешвои миллат аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и шаҳри Турсунзода ба муносибати Иди Рамазон ва Наврӯзи хуҷастапай кумаки моддӣ расонида шуд.

Дар ин замина, кормандони Агентӣ сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбуби кишварро сармашқи кори худ қарор дода, ба бошандагони хона-интернати болозикр ва дигар оилаҳои ниёзманд пайваста кӯмакҳои хайриявӣ мерасонанд.