Санаи 28 –уми марти соли 2026 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги аҷдодӣ ва ҳамбастагии мардумон бо шукуҳу шаҳомати хосса бо рӯҳияи баланд ва фазои идона таҷлил гардид.
Дар рафти баромад роҳбарият кормандони Агентӣ ва тамоми ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, барору комёбӣ, рӯҳбаландӣ ва дар фаъолияти касбиашон пешравиро таманно намуданд.
Наврӯз, ки таърихи ҳазорсола дорад, оғози соли нави аҷдодӣ ва фарорасии фасли баҳорро ифода намуда, арзишҳои волои фарҳангӣ, аз ҷумла эҳтиром ба табиат, покизагӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб мекунад. Ин ҷашн ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, мардумони гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад.
Чорабинӣ бо оростани дастархони идона, ки анъанаҳои миллиро инъикос менамуд, оғоз ёфт. Кормандон бо либосҳои миллӣ ҳузур дошта, суннатҳои қадимаи наврӯзӣ, аз ҷумла омода намудани таомҳои миллӣ ва ороиши рамзҳои баҳорӣ, пешкаши ҳозирин гардиданд.
Дар рафти барнома, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, суруду мусиқӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор шуда, фазои ҳамдилӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила тақвият ёфт.
Ҳадафи асосии чунин чорабинӣ таҳкими рӯҳияи дастаҷамъӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ миёни кормандон мебошад.

