
Санаи 1-уми апрели соли 2026 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои “Фирӯз”, “Заргар”, “Фирдавсӣ” ва “Гулистон” кормандони Агентии назорати маводи нашъаоари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мудири бахши ҳуқуқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва намояндагони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, омилҳои корупсионӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ терроризму экстремизм, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.