
Санаи 4-уми апрели соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ бо иштироки Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад ва бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва раёсату шуъбаҳои мустақили Агентӣ инчунин раёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шуъбаҳои минтақвии ин раёсатҳо тариқи маҷозӣ иштирок доштанд, ҷаласа “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ – хизматии Агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2026” баргузори гардид.
Дар оғози кори ҷаласа муовини якуми Директори Агентӣ аз натиҷаи фаъолияти хизматии кормандони Агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 баромад намуд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои оперативии Агентӣ вобаста ба натиҷаи фаъолият дар се моҳаи аввали соли 2026 шунида шуд.
Зимнан аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсату шуъбаҳои Агентӣро доир ба самтҳои ошкори ҷиноят, мусодираи ҳаҷми калони маводи нашъаовар, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, нигоҳдорандагони фасодхонаҳо, шахсони ба фурӯши воситаҳои нашъадори синтетикӣ дастдошта, муайян ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, инчунин мубориза бо ҷиноятҳои экстремистию террористӣ, коррупсия, савдои одамон, силоҳ, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва дигар ҷиноятҳо, тақвият бахшанд.
Дар фарҷоми ҷаласа, Директори Агентӣ таъкид намуданд, ки ҷиҳати таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалию минтақавӣ ва эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбӣ, баланд бардоштани омодабошии ҷисмонӣ ва ҷангии кормандон ва аз худ кардани таҷрибаи кори муосир, як қатор дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.