Санаи 08 апрели соли 2026, бо ибтикори Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар МТМУ №8 шаҳри Кӯлоб, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030”, вохӯрӣ дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ, ШВКД ҶТ дар шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии мактаби мазкур иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ оид ба оқибатҳои номатлуби истеъмоли маводи нашъаовар ба саломатии инсон, бахусус навъҳои психотропӣ ва синтетикии он маълумоти муфассал дода шуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа, бахусус ҳамсолони худ ба роҳ монанд. Ҳамчунин доир ба талаботи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030”, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақаи Кӯлоб дар соли 2025 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ, таҳдиди хатарҳои он ба амнияти ҷомеа, таъмини сулҳу субот ва волоияти қонун суханронӣ карда шуд.
Иброз гардид, ки дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ҳамкорӣ ва мусоидати сокинони кишвар аҳамияти калон дорад.

