Санаи 09 апрели соли 2026, бо ибтикори намояндагии Бонки Осиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №8 шаҳри Кӯлоб, дар байни волидони хонандагони муассисаи мазкур тренинг оид ба масъалаҳои бехатарии экологӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ, пешгирии истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ, механизми баррасии арзу шикоятҳо баргузор гардид.
Дар тренинги мазкур кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо намояндагони масъули лоиҳаи Бонки Осиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ дар минтақа, Маркази бемориҳои ВНМО ва БПНМ, солимии репродуктивӣ, Беморхонаи марказӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин роҳбарият ва омӯзгорон иштирок намуда, оид ба алоқамандӣ ва оқибатҳои фоҷеабори сӯиистеъмоли маводҳои нашъадор, бахусус навъҳои психотропӣ ва синтетикии он бо дигар омилҳои номатлуби замони муосир, аз қабили истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ дар оилаҳо ва ҷомеа суханронӣ намуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа, бахусус дар муҳити оила, хешу табор ва ҷойи кор ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, зимни чорабинӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ доир ба талаботи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030”, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақаи Кӯлоб дар соли 2025 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ, таҳдиди хатарҳои он ба амнияти ҷомеа, таъмини сулҳу субот ва волоияти қонун суханронӣ карда шуд.


