
Санаи 09–уми апрели соли 2026 дар Гимназияи хусусии Ҳамадони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонон, занон ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо волидон, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, инчунин даст задани бархе аз ҷавонон ба фуруши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ, машғул шудан ба варзиш, баланд бардоштани тарзи ҳаёти солим суҳбат намуданд.