
Санаи 15 апрели соли 2026, бо ташаббуси Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар МТМУ №61 ноҳияи мазкур, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030” ва дигар барномаҳои давлатӣ вохӯрӣ дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ ва дигар омилҳои номатлуби замон муосир дар байни ҷавонон ва ноболиғон” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия, кормандони масъули Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб, ҳамчунин роҳбарият, ҳайати омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии мактаби мазкур, иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ, муовини раиси ноҳия ва Маркази вилоятии бемориҳои наркологии шаҳри Кӯлоб доир ба талаботи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030”, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақаи Кӯлоб, оид ба оқибатҳои номатлуби истеъмоли маводи нашъаовар ба саломатии инсон, бахусус навъҳои психотропӣ ва синтетикии он маълумоти муфассал дода шуда, таъмини сулҳу субот ва волоияти қонун суханронӣ карда шуд.
Иброз гардид, ки дар паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ҳамчун самти афзалиятноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боқӣ монда, дар ин росто ҳамкорӣ ва мусоидати сокинони кишвар аҳамияти калон доранд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрии мазкур, оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои фоҷеабори он инчунин алоқамандии нашъамандию нашъаҷаллобӣ бо дигар бемориҳои сироятӣ ва омилҳои номатлуби замони муосир суханронӣ карда шуд.