Санаи 16-уми апрели соли 2026 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши сиёсӣ – тарбиявӣ, таҳти унвони “Пешгирии омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ аз нигоҳи мутахассисони соҳа” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур сардори Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва баромад намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оиди Нигоҳдоштани генофонди миллат – роҳу усулҳои муосири муқовимат бо омилҳои нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар байни ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, инчунин даст задани бархе аз ҷавонон ба фуруши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ, машғул шудан ба варзиш ва баланд бардоштани тарзи ҳаёти солим суҳбат намуданд.




