
Санаи 16 апрели соли 2026, бо ташаббуси Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Маркази вилоятии бемориҳои наркологии минтақаи Кӯлоб ва шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб дар МТМУ №40-и шаҳри Кӯлоб, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030” ва дигар барномаҳои давлатӣ вохӯрӣ дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ ва дигар омилҳои номатлуби замон муосир дар байни ҷавонон ва ноболиғон” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, роҳбарият ва кормандони Маркази вилоятии бемориҳои наркологии минтақаи Кӯлоб, ҳамчунин намояндагони масъули шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб бо роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии МТМУ №40 ва МТМУ №25-и шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ доир ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030”, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақаи Кӯлоб, таҳдиди хатарҳои он ба амнияти ҷомеа, таъмини сулҳу субот ва волоияти қонун суханронӣ карда шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Агентӣ оид ба оқибатҳои номатлуби истеъмоли маводи нашъаовар ба саломатии инсон, бахусус навъҳои психотропӣ ва синтетикии он дар намуди ҳабҳо маълумот дода шуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии нашъамандӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҳамсолони худ ба роҳ монанд.