Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии кормандони Агентӣ дар мактаб интернати №1

Санаи 20 –уми апрели соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе бо волидон ва хонандагони синфҳои болоӣ дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла ВНМО/БПНМ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, даст назадан ба омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.