
Санаи 20 –уми апрели соли 2026 дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мизи мудаввар ҷиҳати татбиқи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2026” баргузор гардид, ки дар он намомояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Мақсад аз баргузории Мизи мудаввар ин баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва зерсохторҳои он, ҷиҳати зиёновар будани маводи нашъаовар, пешгирии хавфи ВНМО/БПНМ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи малумотнокии кормандон, алалхусус миёни ҷавонону наврасон мебошад.