Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории вохӯрӣ дар Коллеҷи тиббии ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ ва МТМУ №4 ноҳияи Фархор

Санаи 21 апрели соли 2026, бо ташаббуси Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Коллеҷи тиббии ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ ва МТМУ №4 ноҳияи Фархор, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030” ва дигар стратегияву барномаҳои давлатӣ вохӯрӣ дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон” баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур корманди масъули Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, Маркази вилоятии бемориҳои наркологии минтақаи Кӯлоб, намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор бо роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи мазкур ҳамчунин хонандагони МТМУ №4, №1, №12, №15, №16 ва №66 ноҳияи Фархор иштирок ва баромад намуданд.

Дар вохӯриҳои зикршуда корманди Агентӣ ва Маркази бемориҳои наркологӣ бо маърӯза баромад карда, ба иштирокчиён оид ба татбиқи сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ дар соли 2025 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ, таҳдиди хатарҳои он ба амнияти ҷомеа, оқибатҳои фоҷеабор ва таъсири манфии истеъмоли маводи нашъаовар ба саломатии инсон, бахусус навъҳои психотропӣ ва синтетикии онҳо, муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ тавассути дорухона ва вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар ин самт, сабабу омилҳои даст задани ҷавонон ба нашъамандию нашъаҷаллобӣ, дигар оқибатҳои номатлуби ин падидаи иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ маълумоти муфассал дода, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии панҳшавии нашъамандӣ бетараф набошанд.