
Санаи 24 –уми апрели соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши занон ва муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо Омузгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 21, 55 ва 100-и ноҳияи Шоҳмансур дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025, инчунин дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуб хусусан нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, бемориҳои сирояти аз он ҷумла ВНМО/БПНМ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, омилҳои коррупсионӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.