Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории вохӯрӣ дар МТМУ №6 шаҳри Кӯлоб

Санаи 30 апрели соли 2026, бо ташаббуси Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Кӯлоб бо роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, дар солҳои 2026-2030” ва дигар стратегияву барномаҳои давлатӣ вохӯрӣ дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон” баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, Директори Маркази бемориҳои наркологӣ ва намояндаи масъули шуъбаи маориф баромад карда, ба иштирокчиён оид ба мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон маънӯъ, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллӣ бегона ва дигар омилҳои номатлуби замони муосир суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Агентӣ оид ба татбиқи сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, таҳдиди хатарҳои он ба амнияти ҷомеа, оқибатҳои фоҷеабор ва таъсири манфии истеъмоли маводи нашъаовар ба саломатии инсон, бахусус навъҳои психотропӣ ва синтетикии онҳо, муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ тавассути дорухона ва вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар ин самт, сабабу омилҳои даст задани ҷавонон ба нашъамандию нашъаҷаллобӣ, дигар оқибатҳои номатлуби ин падидаи иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ маълумоти муфассал дода, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти муқовимат ба омилҳои номатлуби замони муосир, бахусус пешгирии панҳшавии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳамкорӣ намоянд.