
Дар толори Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи 2-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонон, занон, танзим, маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва ШВКД-и ноҳияи мазкур бо волидон, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оиди Нигоҳдоштани генофонди миллат – роҳу усулҳои муосири муқовимат бо омилҳои нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар байни ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, инчунин даст задани бархе аз ҷавонон ба фуруши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ, машғул шудан ба варзиш ва баланд бардоштани тарзи ҳаёти солим суҳбату фаҳмондадиҳӣ доир гардид.