
Санаи 02-юми майи соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ бо иштироки Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад ва бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва раёсату шуъбаҳои мустақили Агентӣ, инчунин раёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шуъбаҳои минтақавии ин раёсатҳо тариқи маҷозӣ иштирок доштанд, ҷаласа “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ – хизматии Агентӣ дар моҳи апрели соли 2026” баргузор гардида, барои давраҳои минбаъда вазифагузорӣ карда шуд.
Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар ҷаласаро оғоз намуда, таваҷҷуҳи кормандонро нахуст ба иҷрои сифатнок ва саривақтии талаботи қонунгузорӣ ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷалб намуда таъкид доштанд, ки ҷиҳати таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалию минтақавӣ ва эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбӣ, омодабошии ҷисмонӣ ва ҷангии кормандон аз худ кардани таҷрибаи кори муосир, як қатор дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Муовини якуми Директори Агентӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар моҳи апрели соли 2026 ва масъалаҳои муваззафгардида, инчунин вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот доданд.
Зимнан дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои оперативии Агентӣ вобаста ба натиҷаи фаъолият дар моҳи апрели соли 2026 шунида шуд.
Дар раванди натиҷагирӣ ва таҳлили фаъолияти соҳа, аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсату шуъбаҳои Агентиро доир ба самтҳои ошкори ҷиноят, мусодираи ҳаҷми калони маводи нашъаовар, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, нигоҳдорандагони фасодхонаҳо, шахсони ба фурӯши воситаҳои нашъадори синтетикӣ дастдошта, муайян ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, инчунин мубориза бо ҷиноятҳои экстремистию террористӣ, коррупсия, савдои одамон, силоҳ, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва дигар ҷиноятҳо тақвият дода, фаъолиятро дар самтҳои зикргардида пурзур намоянд.