Санаи 06-уми майи соли 2026 дар доираи гузаронидани чорабиниҳои оммавию таблиғотӣ бахшида ба моҳвораи ҷавонон ва баҳри иҷрои талаботи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030” ва дигар стратегияву барномаҳои давлатӣ, дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” вохӯрӣ дар мавзӯи “Пешгирии омилҳои номатлуби замони муосир, аз ҷумла нашъамандию нашъаҷаллобӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагон аз Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Маркази вилоятии бемориҳои наркологии минтақаи Кӯлоб, собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, шуъбаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб, инчунин роҳбарият ва донишҷӯёни Коллеҷи зикршуда иштирок намуданд.
Зимни чорабинии мазкур аз ҷониби баромадкунандагон оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллии ҷавонон, расидан ба қадри озодию истиқлолият ва нигоҳ доштани дастовардҳои он, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ва дар ин замина мубориза бурдан бар зидди омилҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, савдои одамон, дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ ва пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллӣ бегона ибрози андеша карда шуд.
Намояндаи Агентӣ оид ба татбиқи сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллӣ, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, таҳдиди хатарҳои он ба амнияти ҷомеа, оқибатҳои фоҷеабор ва таъсири манфии истеъмоли маводи нашъаовар ба саломатии инсон, бахусус навъҳои психотропӣ ва синтетикии онҳо, муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ тавассути дорухона ва вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар ин самт, сабабу омилҳои даст задани ҷавонон ба нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва дигар оқибатҳои номатлуби ин падидаи иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ суханронӣ намуд.
Дар хотимаи вохӯрӣ аз ҳамаи иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ доимо ҳушёру зирак бошанд ва дар самти муқовимат ба омилҳои номатлуби замони муосир, бахусус пешгирии панҳшавии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳамкорӣ намоянд.


