
Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне, ки содирот ва фуруши маҳсулоти тамоку ва машрубот бе тамғаҳои аксизӣ машғуланд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Зимни гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як чанд ҳолати ғайриқонунӣ ва бе тамғаи аксизӣ ба муомилот баровардани тамокуҳоро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ошкор намуданд.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рузиев Фарзин Назруллоевич санаи таваллудаш 23-юми июни соли 2001 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор кучаи Гулзор зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи Опел-вектра рақамҳои қайди давлатиаш 5152 ВА 07, ки таҳти идораи Рузиев Фарзин қарор дошт, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз он 500 қутии тамокуи навъи “Эссе-ченҷ”, ки бе тамғаҳои аксизӣ нигоҳдорӣ мешуд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Инчунин дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз Рузиев Назрулло Нуруллоевич санаи таваллудаш 07-уми ноябри соли 1982 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор кучаи Гулзор зимни азназаргузаронии дукони фуруши маҳсулоти хуроквориаш, ки воқеъ дар шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, 18 адад қутии сигори навъи Эссе-ченҷ, ки бе тамғаи аксиз буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Да баробари ин Муродзода Абдураҳмон Ҳайит истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ҷамоати деҳоти Мирзо-Ризо деҳаи Сурхакчашма, санаи таваллудаш 04 сентябри соли 1985 зимни кофтукови шахсӣ аз манзили истиқоматиаш 500 қутии сигори навъи Эссе-ченҷ, ки бе тамғаи аксисзӣ банду баст шуда буд, дарёфт гардид.
Нисбати шаҳрвандон Рузиев Фарзин, Рузиев Назрулло ва Муродзода Абдураҳмон мутобиқи моддаи 639-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуда, хулосаҳои он ба суди шаҳри Ҳисор ирсол карда шуд.