
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор шаҳрванд Ҷалилов Илҳомиддин Гурезович санаи таваллудаш 15-уми январи соли 1976 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, дастгир карда шуда, зимни азназаргузаронии манзили истикоматиаш, вокеъ дар суроғаи болозикр бо истифода аз сагҳои хизматӣ аз заминҳои манзили истикоматии ӯ аз пинҳонгоҳи махсус омодакардашуда ва ҳамчунин аз таҳхона ва гирду атрофи бинои истикоматиаш як миқдор воситаҳои нашъадор ва дигар лавозимот, ки барои истифода ҷамъ гардида буд, дарёфту мусодира карда шуд.
Тибқи хулосаи экспертизаи судии Агентӣ муайян карда шуд, ки маводи дарёфтгардида воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро ташкил медиҳад.
Насбати Ҷалилов Илҳомиддин Гурезович бо моддаи 200 қисми 2 ва 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.