Барои ҳифзи солимии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз хатарҳои истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва протоколи ҷаласаи ҳукумати шаҳри Душанбе ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ, паҳн кардан ва истифодаи маводи нашъаовар дар пойтахт чораҳои қатъӣ андешанд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъулони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои мазкур шаҳрванд Исматуллоев Фаридун Анварович истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ноҳияи Сино кучаи Зарафшон 2, соли таваллудаш 7-уми марти соли 1998 маълумоташ олӣ, хатмнамудаи Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино, факултети “Фарматсевтӣ” бо гумони даст доштан ба истеъмол ва муомилоти ғариқонунии моддаҳои психотропии навъи “перегабалин” дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтукови шахсии Исматуллоев Фаридун аз у 1 адад пакети полиэтилении дорои 9 адад қуттии картонӣ бо навиштаҷоти “Биогабалин”, ки 1260 адад капсуларо ташкил медод, дарёфт гардид. Маълум гардид, ки номбурда маводи психотропиро аз “Дорухона”-ҳо дастрас намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба чаканафурушӣ миёни аҳолӣ хусусан ҷавонон машғӯл будааст.
Ҳамин тавр аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Зарипов Азамат Юсуфовичро истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ кучаи Неъмат Қарабоев, соли таваллудаш 12 феврали соли 2001 маълумоташ олӣ, хатмнамудаи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино, факултаи “Фарматсевтӣ” бо гумони даст доштан ба муомилоти ғариқонунии моддаҳои психотропӣ дастгир карда шуда, аз ӯ 50 адад қуттӣ бо навиштаҷоти “Биогабалин”, ки дар дар дохили онҳо 7500 ҳабҳои психотропӣ мавҷуд буд, дарёфт гардид.
Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои мусодирагардида аз шаҳрванд Исматуллоев Фаридун Анварович ва аз шаҳрванд Зарипов Азамат Юсуфович моддаи психотропии навъи “прегабалин” ро ташкил медиҳад.
Муайян карда шуд, ки номбурдагон ҳабҳои психотропии навъи «прегабалин»-ро ғайриқонунӣ ба даст оварда, онро бо мақсади чаканафурушӣ ва ба даст овардани маблағи муфт миёни аҳолӣ хусусан ҷавонон истифода мебудаанд.
Нисбати шаҳрванд Зарипов Азамат ва Исматуллоев Фаридун бо моддаи 128 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои чораандешӣ ба суд ирсол карда шуд.

