Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар Литсейи техникии ба номи академик М.С. Осимй

Санаи 8-уми майи соли 2026 дар толори Литсейи техникии ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаоари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон, занон, танзим, маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва ШВКД-и ноҳияи мазкур бо волидон, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, омилҳои корупсионӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ терроризму экстремизм, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.