Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 9-май Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ оғоз карда шуд.

Сипас Роҳбарияти Агентӣ ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни бузург табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз мудҳиштарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, миллионҳо нафар қурбон гардида, кишварҳои зиёде харобу валангор шуданд. Маҳз бо ҷасорату фидокории сарбозон ва заҳмати шабонарӯзии мардуми ақибгоҳ инсоният тавонист бар фашизм ғалаба намояд ва сулҳу суботро барқарор созад.

Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дода буданд, ёд надорад.».

Дар рафти чорабинӣ кормандони Агентӣ ба ифтихори таҷлили ин ҷашн суханронӣ намуда иброз доштанд, ки Рӯзи Ғалаба ҳамчун рамзи ҷовидонаи далерӣ, садоқат ва қаҳрамонии фарзандони миллат дар таърихи инсоният ҷойгоҳи хоса дорад. Пос доштани хотираи неки иштирокчиёни ҷанг ва эҳтиром ба хизматҳои онҳо омили муҳими тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу оромӣ мебошад.