Аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар шаҳрванд Одинаев Умедҷон Сулаймонович, санаи таваллудаш 7 августи соли 1986, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаи 252 кисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони даст доштан дар ташкил ва нигоҳдошти фасодхона барои мунтазам истеъмол намудани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд.
Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Бохтар, аз таҳхонааш як миқдор воситаҳои нашъадори навъи “Ҳашиш ва моддаи психотропии навъи Прегабалин”, ки барои ташкил ва истифодаи амалҳои номатлуб, яъне фасодхона ва истифодаи воситаҳои нашъадор шароит фароҳам месохтааст, дастгир карда шуд.
Муайян гардид, ки Одинаев Умедҷон Сулаймонович дар таҳхонаи манзили истиқоматии худ воқеъ дар суроғаи Бохтар, фасодхона барои истеъмол намудани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ташкил намуда, манзили зикргардидаро ба шаҳрвандон Намозов Нусратулло Нуралиевич, Ҳамроев Файзулло Хабибуллоевич ва Рустам ном шахс барои истеъмоли воситаи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ таъмин мекардааст.
Нисбати Одинаев Умедчон Сулаймонович бо моддаи 205 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Гумонбаршудагон, ки ба савдои чаканаи маводи нашъаовар машғуланд, бо амалҳои ғайриқонунии худ ба ҷомеа зарари ҷиддӣ расонда, боиси афзоиши ҷинояткорӣ ва бадшавии вазъи саломатии аҳолӣ мегарданд. Мубориза бо ин падида ва пешгирии он вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

