
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва 27-умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони Агентӣ мусобиқаи футболи хурд оғоз гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги варзишӣ, боло бурдани рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши дӯстиву ҳамбастагӣ миёни кормандон мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа таъкид гардид, ки варзиш, бахусус футбол, ҳамчун василаи муҳими муттаҳидсозандаи ҷомеа, дар тарбияи ҷисмониву маънавии инсон нақши муассир дорад. Зикр карда шуд, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими муҳити солими корӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ мусоидат менамоянд.
Мусобиқа дар фазои дӯстона ва рақобати солим ҷараён дошта, дастаҳо барои ба даст овардани ҷоми директори Агентӣ қувваозмоӣ менамоянд. Интизор меравад, ки чорабинии мазкур ба таҳкими рӯҳияи варзишдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти фаъол миёни кормандон заминаи мусоид фароҳам оварад.