Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Оғози Озмуни расми беҳтарин зери унвони “Тоҷикистон – озод аз маводи нашъаовар”

Бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Коллеҷи Ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов”, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, ”Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” ва 27-умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни  “Расми беҳтарин” дар мавзӯи пешгирӣ ва ҳушдор намудани наврасону ҷавонон аз оқибатҳои хатарноки истеъмоли маводи нашъадор ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону наврасон зери унвони “Тоҷикистон – озод аз маводи нашъаовар”, таҳти шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъадор”  оғоз гардид.

Озмуни мазкур санаи 14-май оғоз гардида, то санаи 25-майи соли ҷорӣ идома меёбад.

Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ, асарҳои эҷоднамудаи иштирокчиён ба баррасии ҳайати ҳакамон ва диққати ҳозирин пешниҳод гардида, дар натиҷа беҳтарин расмҳо муайян ва ғолибон қадрдонӣ карда мешаванд.