Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Кормандони Агентӣ дар чорабинии оммавии варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ иштирок намуданд

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги ҷисмонӣ ва таҳкими рӯҳияи коллективӣ, имрӯз кормандони Агентӣ дар чорабинии оммавии варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ фаъолона иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Сайдулло ҳусни оғоз бахшид.
Ҳамоиши варзишӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони пойтахт дар фазои тантанавӣ доир гардид. Кормандони Агентӣ бо ҳисси баланди масъулият ва ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи давлат дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ширкат варзида, саҳми худро дар тарғиби арзишҳои солимии ҷомеа гузоштанд. Иштироки фаъолонаи ҳайати кормандон нишон дод, ки рушди варзиш ва ҳифзи саломатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти онҳо маҳсуб меёбад.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки ташкили чунин иқдомҳои оммавӣ барои баланд бардоштани маърифати варзишӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Қайд карда шуд, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи баланд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Рӯзи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ низ аз ҷумлаи чунин иқдомҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, ин чорабинӣ дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, ки ҳайати шахсии шуъбаи байнинохиявии Агентӣ дар шаҳри Турсунзода барои иштироки фаъолона дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.