
19 майи соли 2026 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-майори х.н.м.н.Самад Зафар Тағой бо Муовини намояндаи минтақавии Дафтари барномаҳои СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон ҷаноби Александр Федулов баргузор гардид.
Баъд аз шиносоӣ Директори Агентӣ оид ба вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба меҳмон маълумот пешниҳод карданд. Ҳамчунин, пешниҳодҳо оид ба пурзур намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзур намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба тамоюли дар солҳои охир зиёд гаштани воситаҳои нашъадори синтетикӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Александр Федулов барои ҳамкории эътимоднок арзи сипос намуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд.
Дар интиҳо ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ омодагии худро баён намуданд.