
21 майи соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2026 ва мутобиқи банди 7-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ҷаласаи тадорукотии Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2026” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди кории амалиёти “Кӯкнор-2026” оғоз намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои дахлдор ва масъулини соҳа иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои кишт, истеҳсол, растаниҳои худрӯй, нигоҳдорӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва дастир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани самаранокии амалиёти «Кӯкнор-2026» ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва пурзӯр намудани чораҳои назоратӣ муҳим арзёбӣ мегардад.