Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Викторинаи маърифатӣ баҳри ҷомеаи солим

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи нашъаовар дар ҷомеа, пешгирию коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, роҳандозӣ намудани тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мунтазам чорабиниҳои оммавӣ баргузор менамояд.

Бо ин ҳадаф дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар, Агентӣ викторина таҳти унвони “Тоҷикистон – озод аз маводи нашъаовар” зери шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар” баргузор намуд. Чорабинии мазкур дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Дар викторина наврасону ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хоҳишмандон иштирок карда, ба саволҳои омодагардида, ки асосан дар бораи зарару оқибатҳои суиистеъмоли маводи нашъаовар дар бар мегирифт, ҷавоб доданд.

Дар натиҷа ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравии Агентӣ қадрдонӣ карда шуданд.