
Дасти Кумак дароз намудан ба ятимон, бепарасторон, маъюбон, сокинони хона-интернатҳо ва оилаҳои эҳтиёҷманд, яке аз арзишҳои волои инсонӣ ва суннатҳои неки миллати тоҷик ба шумор меравад. Ин амалҳои хайрхоҳона аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҳамеша мавриди дастгирӣ қарор доранд.
Санаи 26-уми майи соли ҷорӣ, бо мақсади пайравӣ аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат ва дар арафаи Иди саиди Қурбон, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ба бошандагони он кумакҳои моддӣ ва ғизоӣ расониданд.
Зимни мулоқот кормандони Агентӣ сокинони муассисаро бо фарорасии Иди Қурбон табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу карданд. Қайд гардид, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва расонидани кумакҳои хайриявӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Дар навбати худ, бошандагони хона-интернат барои таваҷҷуҳу ғамхориҳо изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои чунин дастгириҳои пайваста миннатдорӣ баён карданд.