29 майи соли 2026 дар шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Турсунзода Лайло Абдуллозода ҷаласаи якуми Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъаовар баргузор шуд.
Ҷаласаи мазкур, ки дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гашт, дар кори он муовини сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротиён Дилшод Рустамзод, сардори шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ дар шаҳр Аҳмадзода Музаффар Баҳром, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, гирандагони стипендияҳои президентӣ ва раиси шаҳр, ҷавонони пешоҳанг, имомхатибони масоҷид ва фаъолони ҷомеа иштирок доштанд.
Ҷаласаро раиси Шӯро – муовини раиси шаҳри Турсунзода Лайло Абдуллозода оғоз намуда, доир ба ҷараёни иҷрои Стратегия дар шаҳри Турсунзода маълумот дод ва қайд кард, ки ҳадафҳои асосии Стратегия ин таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳои маводи нашъаовар ва оқибатҳои зиёновари он, инчунин тақвияти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, иборат мебошад.
Дар идома Баротиён Дилшод дар бобати роҳҳои таъмини иҷрои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, натиҷагирӣ аз корҳои иҷрошуда тибқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2026 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026-2030 суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа гузориши котиби Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъаовар дар шаҳри Турсунзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҳабибулло Абдуллозода дар хусуси таъмини иҷрои талаботи Стратегияи мазкур шунида шуд.
Ҳамчунин, оид ба таъмини иҷрои талаботи Стратегия духтур – наркологи шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода ахборот манзур намуд.
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида, ба масъулин ва аъзои шӯро тавсияҳо дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки 1 июн дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат Лайло Абдуллозода паёми муборакбодии раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода барвиз Акрамро ба кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода расонид. Дар паёми муборакбодии раиси шаҳри Турсунзода аз ҷумла омадааст, ки: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намудаанд, ки “Ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳидсозии талошҳо дар мубориза бар зидди маводи мухаддир ва терроризм сафарбар созем. Ин дастуру ҳидоятҳо барои мо ва шумо сармашқи амали ҳаррӯза мебошанд.
Шуъбаи байниноҳиявии шумо дар шаҳри Турсунзода, ки дар масири стратегӣ қарор дорад, солҳои охир дар ошкор ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон ва ҳамкории зич бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши арзанда гузоштааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, заҳмати пурмашақати шуморо қадр мекунад ва мо итминон дорем, ки шумо ҳамеша бо иродаи қавӣ, дониши касбӣ ва ватандӯстии самимӣ вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро хоҳед кард.
Ба шумо ва аъзои оилаҳоятон сиҳатмандии бардавом, рӯҳияи устувор, хонаободиву осоиштагӣ, ва муваффақиятҳои нав дар хизмати пуршарафатонро таманно дораем.
Бигзор шаҳри мо – Турсунзода ҳамеша макони амн, обод ва дур аз хатарҳои нашъаовар боқӣ монад!”
Дар фароварди ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома ва фаъолияти минбаъдаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.



