Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохурӣ бо донишҷӯёни Тоҷикистон дар Москва

Намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, вохурӣ баргузор намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории вохӯрӣ ин – расонидани муҳтаво ва нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин шинос намудани ҳамватанон ва донишҷӯён аз дастовардҳо ва барномаҳои рушди кишвар, маълумот доир ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Зимни мулоқот, инчунин талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ва меъёрҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳозирин шарҳ дода шуд. Ҳамчунин ба масъалаҳои пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби ҷомеа, аз он ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм, экстремизм, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дорои хусусияти тахрибкорона, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Вохурӣ дар фазои созанда баргузор гардида, донишҷӯён аз дастовардҳои худ дар назди ҳозирин бо маъруза баромад намуда, ҳамчунин ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд. Ба донишҷӯёни тоҷик доир ба омӯхтани илму

дониш, забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ даъват ба амал оварда шуд.