
Амалиёти дигарро, кормандони Агентӣ зимни гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯй дар ҳудуди кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе гузаронида, бо гумони даст задан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар шаҳрванд Назриев Аҳмадро дастгир карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз у як миқдор воситаи нашъадор дарёфт гардид, ки тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводҳои дарёфтгардида, воситаи нашъадори навъи “афюн” ва “ҳашиш” буда, вазни холиси онҳо – “афюн” 1 кг 285 гр ва “ҳашиш” – 1 кг 760 граммро ташкил дод.
Дар идомаи коркардҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз манзили истиқоматии Назриев Аҳмад, вокеъ дар деҳаи Гулистони ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Шамсиддин Шохини вилояти Хатлон зимни кофтуков воситаҳои нашъадор дарёфт гардид.
Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводҳои дарёфтгардида воситаҳои нашъадори навъи афюн ва ҳашиш буда, вазни афюн 2 кг 500 грамм ва вазни ҳашиш 2 кг 295 грамм буда, вазни умумии маводҳои мусодирашуда 4 килограму 795 граммро ташкил дод.
Раёсати тафтишотии Агентӣ нисбати шаҳрванд Назриев Аҳмад ва шахси ба тафтишот номаълум бо моддаи 200 қисми 3 банди в, г -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дод.
Номбурда воситаи маводи нашъадорро аз шаҳрванди яке аз кишварҳои хориҷи кишвар ғайриқонунӣ соҳиб гашта, бо мақсади ба даст овардани маблағ ва фоидаи муфт, инчунин барои истеъмол ва паҳн намудан миёни аҳолӣ, хусусан миёни табақаи осебпазир, яъне ҷавонон нияти чаканафурушӣ мекардааст.