
Инчунин, кормандони Агентӣ дар рафти баргузории силсилачорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ баргузор намуданд, аз муомилоти ғайриқонунӣ шумораи махсусан калони моддаи психотропии навъи “прегабалин”-ро дарёфт ва мусодира карданд.
Маълум гашт, ки ба ин кирдори нангин Ворисов Расул Марасулович, 09.02.2003 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ва Азиззода Муҳаммад Азиз, сокини деҳаи Файзобаи ноҳияи Рӯдакӣ даст задаанд.
Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ, шумораи моддаи психотропии “прегабалин” – 1132 адад буда, вазни он қариб 400 граммро ташкил дод.