
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд амалиётҳои муваффақонаро дар ҳудуди кишвар анҷом дода, ҳаҷми калони маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карданд. Дар натиҷа 6 нафар дастгир гаштанд. Баргузории чунин чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ имконият дод, ки чандҳо нафарро аз мубтало гаштан ба ин бемории аср пешгирӣ кунанд.
Ҳамин тавр, аз ҷониби кормандони Агентӣ, зимни гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯй дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳрванд Назаров Сайфулло Назруллоевич соли тавалудаш 29.03.1974, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ, аз ӯ як миқдор моддаи хамирмонанд бо буйи махсус дарёфту мусодира карда шуд. Тибқи хулосаи экспертизаи судии Агентӣ маводи дарёфтшуда моддаи нашъадори навъи “афюн” буд.
Муайян карда шуд, ки Назаров Сайфулло Назруллоевич ин воситаи нашъадорро аз Назаров Маҳмадраҳим Мухшулевич бо мақсади истеъмоли шахсии худ соҳиб гаштааст.
Худи ҳамон рӯз, зимни азназаргузарони манзили истиқоматии Назаров Маҳмадраҳим Мухшулевич, воқеъ дар ҳудуди кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе, як миқдор моддаи хамирмонанд ва моддаи растанимонанд бо буйи махсусро дар дохили ашёҳои гуногун дарёфту мусодира гардид.
Тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судаии Агентӣ, маводҳои дарёфт гардида воситаҳои нашъадори наъви “афюн” ва “ҳашиш”-ро ташкил дод.
Зимни тафтишот маълум карда шуд, ки шаҳрванд Назаров Маҳмадраҳим Мухшулевич воситаҳои нашъадорро дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз шаҳрванд Баротов Ҷамшед Мирзоевич соли таваллудаш 03.01.1979 зодаи ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ ва муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки ӯ соли 2013 бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд, дар асоси маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ соҳиб шудааст.
Раёсати тафтишотии Агентӣ нисбати Назаров М.М. ва Назаров Сайфулло Назруллоевич бо моддаи 201 қисми 1 ва Баротов Ҷамшед Мирзоевич бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в” ва “г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот дар ин самт идома дорад.