Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Агентӣ

1 июни соли 2026 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии мақомоти зиддимухаддиротӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои ҳудудӣ, иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи сипаригардида ҷамъбаст гардида, дастовардҳо дар самти муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими иқтидори кадрии мақомот мавриди зикр қарор дода шуданд.

Бо сухани табрикотӣ Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад баромад намуда, ба ҳайати шахсӣ барои хизмати содиқона, маҳорати баланди касбӣ, садоқат ба касб ва саҳми арзандаашон дар таъмини амнияти давлат ва ҷомеа изҳори сипос намуд.

Ба муносибати ин санаи фархунда ба як қатор кормандони фаъол мукофотҳои соҳавӣ, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Чорабинии тантанавӣ дар фазои эҳтиром ба анъанаҳои неки хизматӣ ва итминон аз иҷрои муваффақонаи вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.