Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Амалёт оид ба ошкор ва мусодираи ҳашиш

Амалиёти навбатии кормандони Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди пойтахт баргузор шуд. Дар натиҷа аз Сафаров Абдуҷалил Ҳайдарович, соли таваллудаш 25.04.1964 соли таваллуд, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар хариду фуруш ва истеъмоли воситаҳои нашъадор гумонбар дониста мешуд, дастгир карда шуд.

Зимни коркардаҳои оперативӣ бо истифода аз саги хизматӣ, ҳангоми кофтукови манзили истиқоматии шаҳрванд Сафаров Абдуҷалил Ҳайдарович, аз дохили ҳуҷраи хоб як миқдор воситаи нашъадор дарёфт гардид, ки тибқи хулосаи экспертизаи судии Агентӣ маводи нашъадори дарёфт гардида, воситаи навъи ҳашишро ташкил дод.

Номбурда воситаҳои нашъадорро бо мақсади истифода, истеъмол ва дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан, яъне машғул гаштан ба чаканафурушӣ машғул мегаштааст.

Нисбати шаҳрванд Сафаров Абдуҷалил Ҳайдарович бо модаи 200 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.