Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯй, аз ҷониби кормандони Раëсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар ҳудуди вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, тибқи маълумотҳои оперативӣ шаҳрванд Искандаров Сорбонҷон Ғаюрбекович дастгир карда шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ ва манзили истиқоматияш аз ӯ як миқдор маводи монанд ба шишапораи рангаш шаффоф дарёфт ва мусодира карда шуд.
Инчунин, дар асоси нишондодҳои Искандаров Сорбонҷон ҷойҳои пинҳон намудаашро дар деҳаву кӯчаҳои вилояти Хатлон, Карликов, Кароматулло Қурбонов ва Будинободи ноҳияи Ёвон мавриди азназаргузаронӣ қарор дода, дар натиҷа маводҳои пинҳонкардашуда дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мувофиқи маълумотномаи Лабораторияи экспертизаи судии Агентӣ дар вилояти Хатлон, маводи мусодирагардида, ба моддаи психотропии навъи “метамфетамин” мансуб мебошад.
Муайян карда шуд, ки ӯ ин миқдори моддаи психотропии навъи “метамфетамин”-ро тариқи месенҷери WhatsApp аз “Қолин” ном шахси ба тафтишот номаълум, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриконунӣ соҳиб шудааст.
Маълум гардид, ки шаҳрванд Искандаров Сорбонҷон ба фаъолияти нопоки худ яъне савдои чаканаи маводи нашъаовар машғул буда, ба кучаву деҳаҳои ноҳияи Ёвон ҷавононро ба истифодаи ин маводи заҳрогин ҷалб менамояд ва бо роҳи паҳн намудани маводи нашъаовар миёни ҷавонон маблағи муфт ба даст оварда, ба солимии ҷомеа ва тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад.
Нисбати Искандаров Сорбонҷон ва “Қолин” ном шахси ба тафтишот номаълум бо моддаи 200 кисми 1 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

