Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мусодираи ҳаҷми зиёди маводи нашъаовар дар Суғд

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои бисёрмарҳилавии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори зиёди маводи нашъаоварро ошкор ва мусодира намуданд.

Дар аввали моҳи июни соли 2026 кормандони Шуъбаи байниноҳиявии минтақаи Зарафшони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, сокини 44-солаи деҳаи Боло, ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент, муваққатан бекор ва падари чор фарзандро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир намуданд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ба номи “Хоҷӣ Мансур”, воқеъ дар деҳаи Фароб, кормандони оперативии Шуъбаи байниноҳиявии минтақаи Зарафшони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд махфигоҳеро ошкор намуданд, ки гумонбар дар он маводи нашъаоварро нигоҳ медошт. Дар натиҷаи азназаргузаронии ин махфигоҳ, 30 адад бастаи чоркунҷашакли дорои маводи растанимонанди фишурда, ки бӯйи махсус доштанд, дарёфт ва мусодира карда шуд

Тибқи хулосаи ташхиси лабораторияи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, моддаи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи ҳашиш буда, вазни умумии он 31 килограмму 270 граммро ташкил дод.

Дар рафти чорабиниҳои минбаъдаи тафтишотию оперативӣ муайян карда шуд, ки гумонбар боз як махфигоҳи дигар барои нигоҳдории маводи нашъаовар доштааст. Кормандони Агентӣ бо истифода аз саги хизматӣ-ҷустуҷӯии бо тахаллуси “Лаки” чорабиниҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷӯиро анҷом дода, дар натиҷа муайян карданд, ки тақрибан 10 метр поёнтар аз махфигоҳи аввал, махфигоҳи дуюм будааст. Дар дохили он як халтаи селофанӣ бо бастаи моддаи растанимонанд бо бӯйи махсус мавҷуд буд.

Ташхиси гузаронидашуда нишон дод, ки моддаи дарёфтшуда низ воситаи нашъадори навъи ҳашиш буда, вазни он 1 килограмму 15 граммро дар бар гирифт. Ҳамин тариқ, вазни умумии маводи мусодирашуда зиёда аз 32 килограммро ташкил дод.

Вобаста ба ин ҳолат бо аломатҳои банди «д»-и қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Гумонбар дастгир шуда, дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ҷойгир карда шудааст.

Айни замон аз ҷониби муфаттишони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд амалҳои зарурии мурофиавӣ ва тафтишотӣ ҷиҳати муайян намудани тамоми ҳолатҳои содиршавии ин ҷиноятро идома дода истодаанд.

Мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентӣ маҳсуб меёбад. Сари вақт ошкор ва мусодира намудани маводҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо имкон медиҳад, ки паҳншавии минбаъдаи онҳо пешгирӣ гардад.