Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҷаласаи Ситоди кории “Кӯкнор-2026” дар Турсунзода

6 июни соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Раҳматулло Турсунзода, иштироки сардори шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Музаффар Баҳром ва дигар аъзо ҷаласаи Ситоди кории “Кӯкнор – 2026” баргузор шуд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои иҷрои қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 21 майи соли 2026, №609 “Дар бораи гузаронидани амалиёти “Кӯкнор – 2026” ҷиҳати бартараф ва несту нобуд кардани ниҳолҳои кӯкнор, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар самти нашъаҷаллобӣ ва бурдани корҳои профилактикӣ дар байни аҳолӣ, алалхусус миёни ҷавонону наврасон, инчунин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар асоси масъалаҳои баррасишуда Ситоди кории “Кӯкнор – 2026” қарорҳои дахлдор қабул намуд.